Боздиди раиси вилояти Суғд аз «Кохи матбуот»
Душанбе, 24 октябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти журналистони вилоят аз «Кохи матбуот»- и вилоят боздид намуд. Ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, ки Қ. Расулзода дар ин бинои мӯҳташам бо ҳайати эҷодии рӯзномаҳои «Ҳақиқати Суғд», «Согдийская правда», «Суғд ҳақиқати», «Варорӯд», «Тирози ҷаҳон» ва бо дигар рӯзноманигорон сӯҳбати самимӣ анҷом дод. Қоҳир Расулзода зимни сӯҳбат, аз ҷумла гуфт, ки бо шарофати истиқлолияти давлатии кишвар ва бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бинои «Кохи матбуот» бунёд гардида ва он боиси ифтихору сарбаландист.Зикр бояд намуд, ки рӯзноманигорони нашрияҳои вилоятӣ солиёни тӯлонӣ дар биноҳои ноободу шароити номувофиқ кору эҷод мекарданд. — Бовар дорам, ки журналистон минбаъд дар утоқҳои кории барҳавову замонавӣ ва муҷаҳҳаз бо техникаи муосир баҳри инъикоси ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангии кишвар беш аз пеш саҳм мегиранд, — гуфт раиси вилоят дар хотимаи мулоқот бо намояндагони ВАО.








Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид






