Бозгашти намояндагони Тоҷикистон аз Амрико

Октябрь 11, 2011 15:30

Душанбе, 11 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Гурӯҳе аз намояндагони бахши варзиш ва созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргаштанд. Онҳо муддати 10-рӯз-  аз 29 сентябр то 10 октябр аз шаҳрҳои Грин Бей, Кливленд ва Гранд Айленди иёлоти Висконсин, Огайо ва Небраска боздид намуда, бо ҳаёт ва фаъолияти ҳамтоёни амрикоии худ аз наздик шинос гардиданд.Сафари ҳайати намояндагони Тоҷикистон ба Амрико дар доираи барномаи «Ҷаҳони боз» сурат гирифт. Барномаи мазкур бо иқдоми  ду нафар донишманди  шинохта ва арбоби  ҷамъиятию сиёсии Русия ва Амрико- академикҳо Дмитрий Лихачев   ва директори китобхонаи Конгресси ИМА Ҷеймс Биллингтон таъсис дода шудааст. Анора Акбарова, ҳамоҳангсози барномаи «Ҷаҳони боз» дар Тоҷикистон зимни сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки танҳо дар зарфи чор соли охир, яъне аз соли 2007 инҷониб  аз Тоҷикистон наздики 200 нафар кормандону намояндагони бахшҳои мухталиф ва мақомоти давлатии Тоҷикистон аз Амрико боздид намудаанд. Ҳайати намояндагони Тоҷикистон зимни бозгашт аз Амрико таасуроти худро дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон ироа намуданд. Фурқат Урунов, Салимҷон Аҳмедов намоядагони бахши варзиши ҷумҳурӣ ва Муҳайё Орифова, Асадбек Шукурбеков,  Рухшона Шаҳобиддинова, Гавҳар Хоҷаева, ки роҳбарону намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ ҳастанд ва аз Амрико боздид намуданд сафарашонро ба ин кишвар хеле шавқовар ва манфиатбахш арзёбӣ карданд.  Онҳо зикр намуданд, ки зимни сафарашон ба Амрико на танҳо бо дастовардҳои ин кишвар аз наздик ошно гардиданд, балки анъанаҳои фарҳангию миллии тоҷиконро ба амрикоиҳо муаррифӣ намуданд. Иштирокдорони барнома зикр намуданд, ки баъзе   афзалиятҳо ва дастовардҳои пешрафтаи ҷомеаи Амрикоро дар Тоҷикистон мавриди истифода қарор додан аз манфиат холӣ нест. Мавриди зикр аст, ки барномаи «Ҷаҳони боз»  ягона барномаи  мубодилавӣ дар дохили шохаи қонунгузории  ҳокимияти Амрико  буда, ҳамасола аз сӯи Конгресси ИМА маблағгузорӣ мегардад.

Октябрь 11, 2011 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид