Бозиҳои интихобии мунтахаби ҷавонон.
Душанбе, 25 октябр. (АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев). – Имрӯз дастаи мунтахаби ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон оид ба футбол вохӯрии нахустини худро дар бозиҳои интихобии ҷоми Осиё бо дастаи мунтахаби ҷавонони Баҳрайн мегузаронад. Тавре ки хабар дода будем, дар гурӯҳи «Б» якҷоя бо дастаи Тоҷикистон дастаҳои Баҳрайн, Бутан, Кувайт, Урдун ва Қатар барои ду роҳхат ба бозиҳои ниҳоии ҷоми Осиё қувва меозмоянд. Имрӯз дар ин гурӯҳ инчунин дастаҳои Қатар ва Бутан ба ҳам рақобат мекунанд. Сармураббии дастаи мунтахаб Ораз Назар 23- нафар бозингарро ба ин бозиҳо бурдааст, ки инҳоянд: Баҳодур Шамсов, Алишер Шарипов, Алиҷон Азизов, Бахтиёр Азимов, Фахриддин Сафарзода, Даврон Ҳабибуллоев, Абдулло Саидов, Фирӯз Юсупов, Шӯҳратҷон Юсупов, Абдурасул Раҳмонов, Фаридун Шарипов, Далер Раҷабов, Шодмони Тағойзода, Сулаймон Мирзомуродов, Фирӯз Рахматов, Шавкат Ҳотам, Ҷахонгир Эргашев, Шаъбон Раҳматзода, Фирӯз Қараев, Фирдавс Тусматов, Атей Алифбеков, Зафар Раҳимов, Мӯъминҷон Гадойбоев. Дастаҳо вохӯриашонро дар варзишгоҳи «Qatar Sports Club Stadium» барпо менамоянд. Вохӯрии дастаҳои гурӯҳи «А» низ шоми имрӯз бо вохӯрии дастаҳои Уммон бо Арабистони Саудӣ ва Бангладеш бо Малдив шурӯъ мешаванд. Бозиҳои дастаи мунтахаби гурӯҳи «А» дар кишвари Тайиланд мегузаранд.








Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид






