Чармгарони Поён обод мешавад

Октябрь 13, 2011 11:34

Душанбе, 13 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ба иттилои сармеъмори шаҳри Кӯлоб Озодӣ Ҳасанов,  бо саршавии  соли нави 2012 корҳои ободкорӣ дар маҳаллаи Чармгарони Поён оғоз меёбанд. Дар навбати аввал бунёди як бинои панҷошёна дар нақша аст, ки он дар  ҷойи  хонаи 20 оила сохта мешавад.  Баробари ба истифода додани хонаи баландошёна беш аз 100 оила метавонад дар шароити беҳтару хубтар зиндагӣ намояд. Мақсад аз бунёди хонаҳои баландошёна аз соҳили дарёчаи Тебалай дуртар ҷой додан ва дар шароити бехавф зиндагӣ кардани мардуми ин маҳалла аст. Дар асоси қарори ҳукумати маҳаллӣ  онҳое, ки хонаҳояшон ҳамагӣ 10 метр аз соҳили дарёча  дуртар ҷой гирифтаанд,   ба ҷойи дигар кӯчонида шуда,   бо замин барои  сохтмон  таъмин мешаванд.

Октябрь 13, 2011 11:34

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ