«Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо»

Октябрь 12, 2011 15:43

Душанбе, 12 октябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). – Чанде пеш бахшида ба 100-солагии зодрӯзи арбоби барҷастаи адабиёти муосир, мунодии сулҳу ваҳдат, Қаҳрамони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон, ҷоизадори мукофотҳои олии давлатии шӯравию байналмилалӣ Мирзо Турсунзода дар Театри давлатии мусиқӣ- мазҳакавии  ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд бо иштироки аҳли зиё, адибону рӯзноманигорон, омӯзгорону табибон, кормандони корхонаву муассисаҳои маркази вилоят, ходимони ҷамъиятӣ ва собиқадорони ҷангу меҳнат ҷамъомад доир гардид. Сипас аҳли ҳунари театр намоишномаи тозаэҷоди худ — «Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо»-ро намоиш доданд, ки он ба қалами адабиётшиноси маъруф, доктори илми филология Отахон Сайфуллоев тааллуқ дорад.Намоишномаро Арбоби шоистаи санъати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулҳафиз Қодирӣ ба саҳна гузоштааст. Дар нақшҳои асосии ин асари  иҷтимоии шавқовару ибратомез Ҳунармандони мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон Даврон Алиматов ва Зулфия Тӯйчиева, Ҳунарпешаҳои шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҳамид Каримов, Абдураҳмон Ашӯров, Неъматҷон Дӯстматов ва Малоҳат Абдушукурова, ҳунарпешаҳои номдор Асрор Камолиддинов, Ҳакимҷон Аҳмадов ва дигарон ҳунарнамоӣ карданд.

Октябрь 12, 2011 15:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид