Дар Душанбе намоишгоҳи «Тоҷикистон – 2011» баргузор мешавад

Октябрь 13, 2011 11:56

Душанбе, 13  октябр. (АМИТ «Ховар»,  Покиза  Маҳмадбекова). – 12  октябр раиси  Палатаи  савдо ва  саноати Ҷумҳурии  Тоҷикистон Шариф  Саид бо раиси Палатаи  савдо ва  саноати Амрикою   Тоҷикистон Назир  Шарифов  ва  Директори иҷроияи  Ассосиатсияи  «Шӯрои  тиҷоратии  Амрико  дар  Тоҷикистон» Илҳом  Маҳкамбоев масоили  таҳкими  ҳамкории  мутақобилан  муфидро  мавриди  муҳокима  қарор  дод. Тавре  ба  АМИТ «Ховар»  дар  Маркази  матбуоти  Палатаи  савдо ва  саноати ҷумҳурӣ  хабар  доданд,  Шариф  Саид  дар  ҷараёни  мулоқот  зикр  намуд, ки солҳои охир равобити  байни  Тоҷикистон  ва  ИМА  фаъолона  рушду  ривоҷ  меёбад. Бо  вуҷуди  ин  хам,  бо  дарназардошти  қудрати  иқтисодии  ИМА  бояд   робитаҳои  тиҷоратию  иқтисодии  аҳли  тиҷорат  бештар  ривоҷу  густариш  дода шавад.Зимни   сӯҳбати  амалӣ  мавзӯи   лоиҳаҳои  сармоягузорӣ, ки дар  Тоҷикистон татбиқ  мегарданд,  мавриди  муҳокима  қарор  гирифтанд. Раиси  Палатаи  савдо ва  саноати ҶТ пешниҳод  намуд, ки  имконияти  бо  иштироки  мутахассисони  Палатаи  савдо ва  саноати Амрикою  Тоҷикистон  дар  ҶТ  ва Ассосиатсияи  «Шӯрои тиҷоратии  Амрико дар  Тоҷикистон»  дар  шаҳри  Душанбе  роҳандозӣ  намудани курсу  семинарҳо  барои  аъзои  Палатаи  савдо ва  саноати ҶТ баррасӣ  гардад. Шариф  Саид  бахши  энергетика, саноати истихроҷи  маъдан, сабук,  коркарди  маъдан,  рушди  инфрасохторҳо,  аз  ҷумла,  сохтмон,  алоқаи  нақлиёт,  кишоварзӣ,  туризм,  маориф ва  тандурустиро  аз  ҷумлаи самтҳои  дурнамои  рушди  ҳамкорӣ  бо  ширкатҳои  амрикоӣ  номбар  намуд.Назир  Шарифов  дар  навбати  худ  фаъолияти  Палатаи  Тоҷикистонро  дар  рушду  таҳкими   равобити  берунии  иқтисодӣ  бо  кишварҳои  хориҷӣ  ба  дараҷаи  баланд  арзёбӣ  намуд.Дар  мулоқот  ҳамчунин  як  қатор  масъалаҳои  дигаре, ки  таваҷҷӯҳи  ҷонибайнро  ба  худ  ҷалб  мекунанд,  мавриди  муҳокима  қарор  гирифтаанд.Аз рӯи  натиҷаи  мулоқот Ёддошти  ҳусни  тафоҳум  имзо  гардид.

Октябрь 13, 2011 11:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид