Дар Тоҷикистон нуқтаҳои фурӯши ангишт зиёд шудааст

Октябрь 25, 2011 11:16

Душанбе, 25 октябрь. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз як ҳазору 861 адад нуқтаи фурӯши ангишт бо захираи 30 ҳазору 292,4 тонна ангишт мавриди ситифода қарор дорад, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 90 адад зиёд мебошад.Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуотӣ Вазорати энергетика ва саноати ҶТ иттилоъ доданд, корхонаҳои соҳаи ангишт 203 ҳазору 490 тонна ангишт истихроҷ намуда, нақшаи солонаро  пеш аз мӯҳлат иҷро карданд. Захираи ангишт дар соҳаи маориф 28 ҳазору 145,5 , тандурустӣ 5 ҳазору 166 ва дар сохторҳои қудратӣ 2 ҳазору 449 тоннаро ташкил медиҳад. Бояд гуфт, ки то имрӯз истихроҷи ангишт ба 199 ҳазору 390 тонна расидааст, ки ин нишондод 111,1% нақшаи солонаро ташкил намуда, дар муқоиса ба соли 2010-ум 25 ҳазору 630 тонна зиёд шудааст. Вазорати энергетика ва саноатии ҶТ бо мақсади аз даст надодани бозори фурӯши ангишт нуқтаҳои фурӯши онро зиёд намуда, ҷиҳати таъмини аҳолӣ ва муассисаҳои буҷавӣ бо ангишт ҳамкориро бо дигар ниҳодҳо низ ба роҳ мондааст.

Октябрь 25, 2011 11:16

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ