Дар Тоҷикистон нуқтаҳои фурӯши ангишт зиёд шудааст
Душанбе, 25 октябрь. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз як ҳазору 861 адад нуқтаи фурӯши ангишт бо захираи 30 ҳазору 292,4 тонна ангишт мавриди ситифода қарор дорад, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 90 адад зиёд мебошад.Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуотӣ Вазорати энергетика ва саноати ҶТ иттилоъ доданд, корхонаҳои соҳаи ангишт 203 ҳазору 490 тонна ангишт истихроҷ намуда, нақшаи солонаро пеш аз мӯҳлат иҷро карданд. Захираи ангишт дар соҳаи маориф 28 ҳазору 145,5 , тандурустӣ 5 ҳазору 166 ва дар сохторҳои қудратӣ 2 ҳазору 449 тоннаро ташкил медиҳад. Бояд гуфт, ки то имрӯз истихроҷи ангишт ба 199 ҳазору 390 тонна расидааст, ки ин нишондод 111,1% нақшаи солонаро ташкил намуда, дар муқоиса ба соли 2010-ум 25 ҳазору 630 тонна зиёд шудааст. Вазорати энергетика ва саноатии ҶТ бо мақсади аз даст надодани бозори фурӯши ангишт нуқтаҳои фурӯши онро зиёд намуда, ҷиҳати таъмини аҳолӣ ва муассисаҳои буҷавӣ бо ангишт ҳамкориро бо дигар ниҳодҳо низ ба роҳ мондааст.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






