Дастаи мунтахаби ҷавонон: имтиҳон дар Қатар.

Октябрь 21, 2011 15:57

Душанбе, 21 октябр. (АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев). –  22-октябр дастаи мунтахаби ҷавонони мамлакат оид ба футбол барои ширкат дар бозиҳои интихобии ҷоми Осиё озими Давлати Қатар мешавад. Футболбозони тоҷик дар гурӯҳи «Б» бо дастаҳои Баҳрайн, Бутон, Кувайт, Урдун ва Қатар барои дарёфти ду роҳхат ба бозиҳои ниҳоии қораи Осиё қувва меозмоянд. Футболбозони мо таҳти роҳбарии мураббиён  Ораз Назаров ва Ҳикмат Фузайлов ба ин мусобиқа омода шуда, дар давоми як ҳафта дар шаҳри Норак тамрин карданд. Футболбозони ҷавон дар вохӯрии таҷрибавӣ бо дастаи «Энергетик» ҳисобро 1 бар 1 мусовӣ карда, дар бозии дуввум бо дастаи «Норак» бо натиҷаи 7 бар 2   пирӯз шуданд. Ҳайатро намояндагони 6 даста ташкил медиҳанд. Бино ба гуфти мураббии даста Ҳикмат Фузайлов, онҳо дар бораи бозии ҳарифони худ чандон маълумот надоранд ва кӯшиш мекунанд, ки бозии хубу зебо нишон диҳанд.

Октябрь 21, 2011 15:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид