Эмомалӣ Раҳмон ва шоҳзода Карим Оғохони чор дар ифтитоҳи пули Шоҳон – Хоҳон

Октябрь 31, 2011 16:35

Душанбе, 31 октябр. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). — Имрӯз Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамроҳии бунёдгузор ва сарвари ташкилот оид ба рушд шоҳзода Карим Оғохони чор, вазири фавоиди оммаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдулқуддус Ҳабибӣ дар маросими ифтитоҳ ва такмили пули Шоҳон – Хоҳон, ки Тоҷикистонро дар минтақаи Шӯроободи вилояти Хатлон бо Афғонистон дар оянда мепайвандад, ширкат намуданд. Пули Шоҳон ва Хоҳон, ки 162 метр дарозӣ дошта, 3,5 метр паҳноӣ дорад, бо борбардории 30 тонна бо дастгирии молии ҳукумати Олмон бунёд мегардад ва барои он беш аз 3 миллион доллар  масраф мегардад. Ба ғайр аз ин  ҶДММ «Строймед»  сохта ба истифода дода мешавад, ки он метавонад 135 нафарро бо ҷойи кор таъмин намояд.  Ҳамчунин роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Қалъаи Хумб, минтақаи Шӯробод ва Шогун бо маблағи 85 миллион доллар, кӯпруки пули Ниё бо дарозии 264 метр ва паҳноии 12 метр ва борбардории 60 тонна, купрӯки Кишт, дарозиаш 296 метр бо паҳноии 12 метр ва борбардории 60 тонна, купрӯки Хирманҷо, дарозиаш 306 метр бо паҳноии 12 метр, сохтмони 4 километр роҳҳои Шоғун то Шоул сохта ба истифода дода мешавад. Бо ин мақсад маблағҳо аз ҷониби бонкҳои Арабистони Саудӣ, Фонди Кувайт Бонки исломии рушд, бонки Абудабӣ, Фонди ОПЕК, инчунин  Ҳукумати ҷумҳурӣ (94 миллион доллар) ҷудо  гардидааст.. Айни замон сарвари давлат барои купрӯки аввала, бозори калон ва бинои гумрук санги асос гузошт. Сарвари давлат бо мардуми деҳаи Шоҳон мулоқот намуда,  зикр намуд, ки мақсад аз бунёди ин пулҳо додугирифт миёни давлати Афғонистон ва Тоҷикистон мебошад. Аз ҳисоби Президенти кишвар як мошини ёрии таъҷилӣ барои расонидани ёрии тиббӣ ба сокинони Афғонистон ҷудо карда шуд. Инчунин бо дастури сарвари давлат дар ҷамоати деҳоти Дашти Ҷум   се мактаб сохта мешавад.  

Октябрь 31, 2011 16:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд