Фаъолияти гурўҳи муташаккили фаромиллӣ қатъ карда шуд
Душанбе, 26 октябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Ҳамагон медонанд, ки ҷиноятҳои алоқаманд ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ба амнияти ҳар як кишвар хатари ҷиддӣ ворид мекунанд.Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон нисбат ба давлатҳои дигари минтақа сарҳади тўлонӣ дорад, дар худ ин хатарро бештар эҳсос менамояд.Вақтҳои охир гурўҳҳои муташаккили ҷинояткор, ки ба интиқоли маводи мухаддир машғул мебошанд, хусусияти фаромиллиро касб кардаанд. Ҳангоми амалӣ намудани чорабинии махсуси фаврию ҷустуҷўӣ аз тарафи кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ гурўҳи муташаккили ҷинояткори фаромиллӣ боздошт гардид, ки чанд соли охир ба дарёфт ва қочоқи маводи мухаддир дар ҳудуди кишварҳои минтақа, аз ҷумла Ўзбекистон, даст мезад.Гурўҳи боздоштшуда аз 4 нафар шаҳрвандони Ўзбекистон ва 2 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон иборат мебошад. Дар натиҷаи амалиёт дар ҳудуди деҳаи Коммунаи ҷамоати деҳоти 1 — Майи ш. Турсунзода аз ҳавлии истиқоматии шаҳрванд Нуров Амонило Халилович 233 килограму 250 грам маводи нашъадори афюн мусодира карда шуд.Қаблан аъзои гурўҳ маводи мухаддиро тавассути Ўзбекистон то ба Қазоқистону Россия бурда мерасониданд. Акнун мехостанд, ки самти навро дар ин амали ҷинояткорона роҳандозӣ намоянд. Яъне, ҳудуди Тоҷикистонро низ дар фаъолияти зиддиқонуниашон ба таври васеъ истифода баранд ва масири тозаеро тавассути Тоҷикистон-Ўзбекистон-Қазоқистон ва Федератсияи Россия таъсис диҳанд. Ҳангоми пурсиш боздоштшудагон чунин гуфтанд:Савол: Марҳамат худро шинос кунед:Ҷавоб: Ман Нарзуллоев Қурбонбой Абдуллоевич, шаҳрванди Ҷумҳурии Ўзбекистон, вилояти Сурхондарё, ноҳияи Сариосиё, деҳаи Сариҷў, соли таваллудам 1975, мувакққатан бекорам, миллатам ўзбек.Савол: Шумо бигўед, ки аз кай боз ба нашъаҷаллобӣ машғулед?Ҷавоб: Аз соли 2008 инҷониб ба ин кор даст мезанам. Савол: Дар куҷо?Ҷавоб: Дар Ўзбекистон. Баъд ба Тоҷикистон омадам, бо Зариф ном шахс, ки ў ҳам шаҳрванди Ҷумҳурии Ўзбекистон аст, воҳўрдем. Гуфт, ки наркотик ҳаст, биё то Регара бар. Ман розӣ шудам, ба ивази пули муайян. Савол: Миқдори наркотике, ки шумо гуфтед, чӣ қадар буд ва вазифаи шумо аз чӣ иборат буд?Ҷавоб: Миқдори наркотик аз 200 кило зиёд буд. Вазифаи ман аз он иборат буд, ки наркотикро аз Душанбе то Турсунзода бурда ба дасти Зариф бояд месупоридам.Савол: Марҳамат худро шинос кунед:Ҷавоб: Ман Гулов Зариф Маҳмадшарифович, 16 апрел соли 1980 таваллуд шудаам, шаҳрванди Ҷумҳурии Ўзбекистон, вилояти Сурхондарё, ноҳияи Деҳнав. Савол: Шумо гўед, ки пештар ба кадом кор машғул будед?Ҷавоб: Ман пештар ду — се сол дар Ўзбекистон ба харидуфурўши маводи нашъаовар машғул будам. Савол: Ин корро шумо бо кӣ анҷом медодед?Чавоб: Ман бо Ҳоҷӣ ном афғон дар Ўзбекистон маслиҳат кардам, ки бо канали нав аз Тоҷикистон ба Ўзбекистон маводи маводи мухаддирро биёрам. 1 октябр бо роҳи ғайриқонунӣ ба Тоҷикистон омадам. Савол: Шумо борро ба куҷо бояд интиқол медодед?Ҷавоб: Мо бо маслиҳати пешакӣ аввал аз Тоҷикистон ба Ўзбекистон, баъдтар ҳамин 233 кило бора ба Қазоқистону Россия роҳӣ карданӣ будем.Боздоштшудагони дигар:Бойматов Наврўз Нортоҷиевич, соли таваллуд — 21 марти соли 1985, шаҳрванди ҶЎ, вилояти Сурхондарё, ноҳияи Ҷарқўрғон, кўчаи Мустаққиллик 39.Қулматов Азамат Қаршиевич, шаҳрванди ҶЎ, соли таваллуд — 10 декабри соли 1970, ш. Денав, сардори ширкати «Азамат Шер».Саймуҳиддинов Муҳиддин Зайниддинович, соли таваллуд — 1961, истиқоматкунандаи ш. Душанбе, нафақахўр.Нарзуллоев Юсуф Бобосалимович, соли таваллуд — 3 марти соли 1969, шаҳрванди ҶТ, соҳибкор.Ҳамин тавр, амалиёти мазкур имконият дод, ки фаъолияти ҷинояткоронаи боз як гурўҳи муташаккили трансмиллӣ қатъ гардад ва сари роҳи интиқоли маводи марговар гирифта шавад. Новобаста аз он ки ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро ҳамаҷониба маҳкум мекунанд ва дар ин самт чораҳои мушаххаси пешгирикунандаро амалӣ месозанд, шахсоне пайдо мешаванд, ки даст ба нашъаҷаллобӣ мезананд.Дуруст аст, вақте мегўянд, ки ҷинояткор миллат, ватан ва давлат надорад. Бар зарари суботу оромии кишвар, сиҳату саломатии ҷомеа ин қабил ашхос омодаанд, ки ба хотири фоидаи муфт ҳар гуна ҷиноят содир намоянд ва бо аъмоли зиддиқонуниашон номи ватану миллати худро доғдор созанд. Аз маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки айни замон нисбат ба ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст ва тафтишот давом дорад.