ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Октябрь 6, 2011 09:41

ФАРМОНИПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намудисанҷишҳои субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ Бо мақсади таъмини рушди минбаъдаи соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ, афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти дохилӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармоягузорӣ, мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ф а р м о н м е д и ҳ а м: 1) Ба ҳама намуди санҷишҳои субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ, ки корхонаҳои нави истеҳсоли молу маҳсулот таъсис медиҳанд ва ё техникаю технологияҳои навинро барои васеъ намудани на кам аз нисфи истеҳсолот ҷалб менамоянд, аз рўзи интишори Фармони мазкур ба мўҳлати се сол мораторий эълон карда шавад. 2) Мораторий нисбат ба санҷишҳое, ки аз рўи натиҷаи онҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шудаанд, татбиқ намегардад. 3) Мақомоти давлатии ваколатдори санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати амалӣ намудани Фармони мазкур чораҳо андешанд. 4) Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:- дар мўҳлати ду моҳ санадҳои меъёрии ҳуқуқии худро ба Фармони мазкур мутобиқ гардонад;-дар мўҳлати се моҳ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мораторияи санҷишҳои субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ”-ро таҳия ва барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд;-дар нимсолаи аввали соли 2012 лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро “Дар бораи тасдиқи Тартиби ҳавасмандгардонии субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ, ки дар давраи мораторий ба натиҷаҳои назаррас ноил шудаанд” таҳия ва тасдиқ намояд. Президенти Эмомалӣ РаҳмонҶумҳурии Тоҷикистон ш.Душанбе30 сентябри соли 2011 № 1146

Октябрь 6, 2011 09:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд