Фестивали байналмилалии «Театрҳои ҷавон»
Душанбе, 25 октябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина ). – Аз 21 то 30 октябр дар шаҳри Омски Русия Фестивали УШ байналмилалии «Театрҳои ҷавони Русия» баргузор мегардад, ки ба он Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи М.Воҳидов даъват шудааст. Дар ҷараёни фестивал 18 намоишномаи жанру ҷараёнҳои мухталиф намоиш дода мешаванд. Дар ин фестивал ҳайати театрҳои ҷавонони Русия, Молдова, Финляндия, Руминия, Ҷопон, Исроил ва ИМА асарҳои беҳтарини театрии худро намоиш медиҳанд. 25 октябр ба тамошобинони Русия намоишномаи «Рустам ва Сӯҳроб» аз рӯи достони безаволи «Шоҳнома» — и Абулқосим Фирдавсӣ манзури тамошогарони Русия мегардад. Намоишномаро Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Усмон Султонов ба саҳна гузоштааст, ки он соли 2009 дар Фестивали байналмилалии театрӣ дар шаҳри Теҳрони Эрон шоистаи мукофоти асосӣ гардида буд. «Иштироки Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи М.Воҳидов дар фестивали байналмилалӣ бо мадади Вазорати фарҳанги Тоҷикистон имконпазир гардид», — гуфт директори ин театр Саид Абдуллоев.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






