Хабарнигорон меҳмони «Форс» мешаванд
Душанбе, 3 октябр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «15 нафар аз хатмкунандагони давраи нахустини омӯзишӣ, ки аз ҷониби хабаргузории «Форс»-и Эрон дар Душанбе баргузор гардид, аз Эрон боздид намуда, бо фаъолияти хабаргузории «Форс» ошно мегарданд». Ин матлабро Алиасғари Шеърдӯст, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маросими супоридани гувоҳномаҳо ба намояндагони расонаҳои Тоҷикистон иброз дошт.Нахустин давраи омузишӣ барои намояндагони воситаҳои ахбори оммаи /ВАО/ Тоҷикистон бо мақсади такмили донишҳои назариявии рӯзноманигорон, баланд бардоштани сатҳи касбияти онҳо ва ошно намудан бо жанрҳои журналистика дар шароити равандҳои ҷаҳони муосир буд.Ба 30 нафар намояндагони гуногуни расонаҳои Тоҷикистон муддати як ҳафта ду нафар устодони Донишгоҳҳои Теҳрон- Саидризо Нақибуссодот ва Акбари Насруллоҳӣ, ки аз назариядонҳои шинохтаи бахши журналистикаи Эронанд ва таҷрибаи баланди рӯзноманигорӣ доранд, дарс доданд.








Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ
Ба 10 зани ҳунарманд ва соҳибкори шаҳри Бӯстон гранти раиси шаҳр тақдим карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бориши борон ва барф дар назар аст
Оид ба рушди ҳунармандӣ ва истифода аз грантҳои президентӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ машғулияти омӯзишӣ доир гардид
Доир ба нақши Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар омӯзиши забонҳои чинӣ ва кореягӣ конфронс доир шуд
Дар вилояти Суғд ғолибони озмунҳо қадрдонӣ гардиданд
Дар шаҳри Ҳисор маъракаи азнавбақайдгирии нафақагирон идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд






