Хоҷагии кишоварзӣ ба рушди бештар ниёз дорад

Октябрь 20, 2011 10:53

Душанбе, 20 октябр (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Агентии омори назди Президенти ҶТ моҳҳои январ – сентябри соли 2011 дар ҳамаи сохторҳои хоҷагиҳои кишоварзӣ 870 ҳазору 495 тонна ғалла, беш аз 300 ҳазор тонна пахта, 525 ҳазору 829 тонна картошка,  829 ҳазору 376 тонна сабзавот, 330 ҳазору 876 тонна маҳсулоти полезӣ, 179 ҳазору 746 тонна мева ва 92 ҳазору 989 тонна ангур ба даст омадааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар аксари бахшҳо рушди истеҳсолро нишон медиҳад. Ғалла 14,5   ва маҳсулоти полезӣ 13,5 фоиз камтар истеҳсол гардид. Ба гуфти сардори Раёсати  кишоварзии вазорат, Тоҷикистон имконияти боз ҳам бештари истеҳсоли   намудҳои гуногуни маҳсулоти кишоварзиро дорад. Дар сурати коркард шудани ҳамаи намуди маҳсулоти кишоварзӣ,  Тоҷикистон метавонад баробари беш аз 5 млрд. доллари амрикоӣ ба хориҷи кишвар маҳсулоти тайёр фиристад.

Октябрь 20, 2011 10:53

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ