Хушксолӣ ба ғалла таъсири манфӣ расонид

Октябрь 13, 2011 11:33

Душанбе, 13 октябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Имсол майдони умумии кишти зироати баҳорӣ дар корхонаҳои кишоварзию хоҷагиҳои деҳқонии вилояти Суғд 173 ҳазору 989 гектарро дар бар гирифта, баробари  104,7 фоизи сатҳи соли  баробар аст. Аз ҷумла, майдони кишти пахта 65 402 гектар буда, нисбат ба соли гузашта 11 ҳазору  140 гектар зиёд мебошад.Дар натиҷаи меҳнати муташаккилона то ин дам дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 2936,6 млн.сомонӣ расонида шуд, ки аз ин 2990,2 млн.сомониаш ба соҳаи растанипарварӣ  ва 646,5 млн.сомонии дигар ба соҳаи чорводорӣ рост меояд. Дар маҷмӯъ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта маҳсулоти соҳа 107,9 фоизро ташкил медиҳад.Аз Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд ба  АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки хушксолии соли ҷорӣ ба ғалла таъсири манфӣ расонида, тибқи маълумоти оморӣ то  1 октябри соли 2011 ҳаҷми истеҳсоли ғалла дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 122 ҳазору 272 тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 57,8 фоиз ё 89 399 тонна кам аст.

Октябрь 13, 2011 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад