Ифтитоҳи намоишгоҳи «Аҳмадсоз»

Октябрь 4, 2011 15:53

Душанбе, 4 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — 4-5-уми ноябри соли 2011 Ширкати муштараки Тоҷикистону Малайзия «Аҳмадсоз» 5-умин намоишгоҳи таълимиро дар ҳамбастагӣ бо Вазорати маорифи ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маорифи ҷумҳурии Малайзия ва Палатаи савдо ва саноати ҶТ дар «Кохи Ваҳдат» доир менамояд.Ҳадаф аз баргузории ин  намоишгоҳи таълимӣ имконияти беҳтар пайдо кардан барои таҳсил дар Донишгоҳҳои Малайзия ва дигар кишварҳо мебошад.Ҳамчунин дар намоишгоҳи мазкур намояндагиҳои донишгоҳҳои Британияи Кабир, Ҷумҳурии Хитой, ИМА ширкат менамоянд, ки хоҳишмандон метавонанд бевосита имконияти таҳсил дар хориҷаро пайдо кунанд ва аз тарзи таҳсилу омӯзиш дар донишгоҳҳои кишварҳои хориҷӣ иттилоъ пайдо намоянд.Мавриди зикр аст, ки ширкати «Аҳмадсоз» бо Донишгоҳи такмили ихтисоси Лондон, Коллеҷи идоракунии Лондон, Донишгоҳи давлатии технологии Малайзия, Коллеҷи  Президентии Малайзия ва Донишгоҳи Скайлайни Аморати муттаҳидаи Араб шартнома ба имзо расонид.Ҳамчунин дар нақша аст, ки рӯзҳои 30 октябр ва 1 ноябри соли равон намояндаи ширкат дар конфронси байналмиллалӣ, ки дар шаҳри Берлин баргузор мегардад, иштирок намуда, бо чандин донишгоҳҳои дигар шартномаи ҳамкориро ба имзо расонад.Мақсад аз ташкил намудани чунин чорабиниҳо, пеш аз ҳама баланд бардоштани сифати таълиму тадрис ва тайёр намудани кадрҳои баландихтисос мебошад.

Октябрь 4, 2011 15:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд