Имконияти омӯзиши забони англисӣ

Октябрь 4, 2011 09:53

Душанбе, 4 октябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Шурӯъ аз имрӯз миёни муаллимони забони англисии мактабҳои пойтахт озмун баргузор мешавад, ки онро Маркази фарҳангии «Мултикид» бо дастгирии Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил намудааст. Ин чорабинӣ дар доираи барномаҳои менторӣ гузаронида  мешавад. Ҳадафи тренинг кӯмак ба устодони забони англисӣ дар фаъолияти педагогии онҳо ва ошно шудан бо тамоюли муосири усули омӯзиши забони англисӣ мебошад. Озмунро устоди забони англисии Донишгоҳи давлатии иёлоти Вашингтон  Нэнси Белл мегузаронад.Баргузории озмун ва дарёфти донишҳои нав ба устодони тоҷик на танҳо имконияти хуби омӯзонидани забони англисӣ медиҳад, балки толибилмон имкон пайдо менамоянд, ки бо ҳамсолони худ усулҳои муосири забони англисиро баррасӣ намоянд.Ёдовар мешавем, ки Сафорати ИМА бо «Мултикид» сеюмин шартнома дар бораи таҷдиди минбаъдаи барномаҳои менториро ба имзо расонидааст. 

Октябрь 4, 2011 09:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд