Иштироки Оқил Оқилов ва маршал М.Қ. Фаҳимхон дар маросими ифтитоҳи хатти интиқоли барқи 220 киловаттаи Сангтӯда-Қундуз-Пули Хумрӣ

Октябрь 27, 2011 12:08

Душанбе, 27 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи  Хайруллоҳ).Имрӯз бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов ва муовини аввали раисҷумҳури Ҷумҳурии  Афғонистон маршал Муҳаммад Қасим Фаҳимхон маросими расмии мавриди истифода қарор додани хатти интиқоли барқи 220  киловаттаи  Сангтӯда-Қундуз-Пули Хумрӣ баргузор шуд.
 
Қисмати тоҷикистонии лоиҳаи минтақавии сохтмони хатти интиқоли барқи Тоҷикистон – Афғонистон  дар масофаи 116 километр бар асоси созишномаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд бо харҷи беш аз 25,9  миллион доллари амрикоӣ  бунёд гардида, барои интиқоли барқ аз нерӯгоҳи Сангтӯда-1 то сарҳади давлатии Тоҷикистону  Афғонистон пешбинӣ шудааст.    Сарвазири мамлакат Окил Оқилов татбиқи пеш аз мӯҳлати ин лоиҳаи бузурги минтақавиро қадами устуворе дар рушди соҳаи энергетикаи мамлакат арзёбӣ карда  таъкид дошт, ки лоиҳаи мазкур имконияти дар мавсими гармо интиқол додани барқи Тоҷикистонро ба Афғонистон фароҳам  оварда,  ба коҳиши  талафоти барқ дар қаламрави Тоҷикистон мусоидат менамояд. Аз ҷониби дигар лоиҳаи мазкур имконияти ба бозори   барқи минтақа ворид гардидани Тоҷикистонро афзун карда, дараҷаи мутмаинӣ ва истифодаи фаврии системаҳои интиқоли барқ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро баланд мебардорад. Муовини аввали раисҷумҳури   Афғонистон маршал Муҳаммад Қасим Фаҳимхон бо  ёдоварӣ аз ҷаҳду талошҳои ҳамешагии роҳбарияти сатҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи саҳмгирии фаъол дар  рушди босуботи Афғонистон, мавриди истифода қарор гирифтани хатти интиқоли барқи байни ду давлати дӯсту ҳамсояи наздикро падидаи неку арзишманд дар минтақа ва  нақши онро дар оянда барои беҳдошти сатҳи иқтисодию иҷтимоии кишвараш муфиду судманд арзёбӣ кард.Ҳамин тариқ, татбиқи лоиҳаи сохтмони хатти интиқоли барқи Сангтӯда-Қундуз-Пули Хумрӣ ба таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ, махсусан ба  пойдории боз ҳам бештари робитаҳои дӯстонаи Тоҷикистону Афғонистон мусоидат намуда, дар фаслҳои баҳору тобистон дараҷаи истифодабарии нерӯгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро баланд бардошта,  заминаҳои устувору асосии хариду фӯруши яклухти минтақавии қувваи барқро таъмин менамояд.

Октябрь 27, 2011 12:08

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ