Истифодаи захираҳои обӣ барои рушд ва ҳифзи муҳити зист
Душанбе, 19 октябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Дар қароргоҳи шаҳрии ҳукумати ҷумҳурӣ Конфронси омодагӣ «Ба пешвози конфронси СММ оид ба рушди устувор (РИО+20): масъалаҳои марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи об» ба кор шурӯъ мекунад.Дар конфронс муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Муродалӣ Алимардон, ҳамоҳангсози доимӣ, намояндаи доимии Барномаи рушди СММ Александр Зуев, котиби барномаи «СММ-масъалаҳои марбут ба об» Кенза Робинсон, роҳбари намояндагии САҲА дар Тоҷикистон, сафир Ивар Викки, роҳбарон ва намояндагони вазорату идораҳои Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, инчунин дигар сохторҳои байналмилалӣ иштирок менамоянд.Тавре ки аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар конфронс баррасии масоили марбут ба манбаъҳои оби минтақа, аз ҷумла истифодаи таҷрибаи пешқадами ҳамкорӣ дар соҳаи об дар сатҳи маҳаллӣ, миллӣ ва минтақавӣ, масоили беҳбуди дастрасӣ ба оби ошомиданӣ, пешбурди истифодаи захираҳои обӣ барои рушд ва ҳифзи муҳити зист ва ғайра дар назар аст.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






