Комёбии самбочиёни тоҷик
Душанбе, 17 октябр. (АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Дар мусобиқаи ҷаҳонии самбо байни ҷавонон ва наврасон, ки дирӯз дар шаҳри Рига ба анҷом расид, пахлавони тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар вазни 81 килограмм соҳиби мақоми аввал гардида, бо медали тиллои мусобиқа сарфароз гардид. Ӯ ҳарифони худ- Минас Мадоянро аз Арманистон, Ризо Тсулукидзеро аз Гурҷистон ва Дмитрий Лукашинскийро аз Беларус мағлуб карда, дар вохӯрии финалӣ бар Ивайло Иванови булғор пирӯзӣ ба даст овард.Дар вазни 56 килограмм ба паҳлавони дигари мо Хушқадам Хисравов муяссар шуд, ки медали биринҷии чемпионатро сазовор гардад. Ӯ дар вохӯрии нимнихоӣ аз паҳлавони қазоқ Елеман Касумбоев мағлуб шуд. Дар ин вазн Савва Каракизиди аз Русия чемпион гардид.Дар вазни 52 килограмм Азизи Муҳамамадризвон, дар вазни 65 килограм Умархон Баҳодуров, дар вазни 87 килограмм Қандилҷони Рустамзода ва дар вазни 74 кг Деваштич Убайдӣ дар вохӯрии аввалашон аз ҳарифон мағлуб шуданд. Зайналобудини Аъзамхон дар вазни 82 килограмм муваффақ шуд, ки ҳарифи нахустини худ Игор Книшро аз Украина мағлуб карда, аз ҳарифи дуюмаш Иля Якошук аз ҷумҳурии Беларус мағлуб шавад.








Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид






