Конфронси инкишоф ва рушди хизматрасонии равонию иҷтимоӣ
Душанбе, 20 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ ва Маркази Тоҷикистон оид ба масъалаи минаҳо дар мувофиқа бо Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе конфронси дуюми байналмилалӣ оид ба кӯмакҳои равонӣ ва иҷтимоӣ ба маъюбон ва ҷабрдидагон аз минаҳоро баргузор намуд.Конфронс дар доираи созишномаи муштараки Барномаи Рушди СММ, Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии ҶТ ва Маркази Тоҷикистон оид ба масъалаи минаҳо бо хоҳиши иштироккунандагони конфронси якум, ки 14 — 15 декабри соли 2010 дар шаҳри Кобули Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доир шуда буд, баргузор гардид. Дар кори конфронс намояндагон аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ширкат меварзанд.Конфронс бо ҳадафи рушди хизматрасонии равонию иҷтимоӣ ба зарардидагон дар Афғонистон ва Тоҷикистон пас аз баргузории конфронси якум, танзими ҳамкориҳои дарозмуддат ва муҳим дар самти кӯмак ба маъюбону зарардидагон аз минаҳо барои мутобиқсозии онон ба душвориҳои зиндагӣ тавассути ёрмандии равонию иҷтимоӣ бармегардад. Конфронс имрӯз дар интернати «Чорбоғ» кори худро идома медиҳад.








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ






