Маблағи пардохти нафақаю мададпулӣ беш аз 600 миллион сомониро ташкил дод
Душанбе, 19 октябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова ). – Тайи нӯҳ моҳи соли равон маблағи пардохти нафақаю мададпулӣ дар Тоҷикистон беш аз 601 миллиону 900 ҳазор сомониро ташкил дод.Мувофиқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи ҷудонамудаи агентии давлатӣ оид ба бимаи иҷтимоӣ ва нафақаҳои Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат дар давраи ҳисобот бо назардошти бақияи оғози сол беш аз 593 миллиону 100 ҳазор сомониро ташкил додааст. Теъдоди нафақагирон то якуми октябри соли равон 547 ҳазору 426 нафарро (бидуни теъдоди нафақагирони фаъол) ташкил дод.Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар аввали моҳи август фармонеро имзо намуд, ки мутобиқи он аз 1 сентябри соли равон дар мамлакат ҳаҷми нафақаҳои меҳнатию иҷтимоӣ баробари 25 фоизи ҳаҷми муқарраршудаи нафақаи ҳадди ақал зиёд карда шуд. Хотирнишон месозем, ки ҳаҷми ҳадди ақали нафақа дар Тоҷикистон 80 сомониро ташкил медиҳад, ки мутобиқи он ҳаҷми нафақаҳои меҳнатию иҷтимоӣ баробари 20 сомонӣ афзудааст.








Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд






