«Манчестер Юнайтед» шармсор шуд.

Октябрь 24, 2011 13:30

Душанбе, 24 октябр. (АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).-Дар даври 9-уми чемпионати Англия мухлисони дастаи «Манчестер Юнайтед» маъюсу ноумед шуданд. Дилбохтаи онҳо дар майдони худ аз меҳмонаш «Манчестер Сити» бо ҳисоби калони 1 бар 6 шикаст хӯрд. Дар варзишгоҳи «Олд Траффорд» футболбозони «Манчестер» аз соли 1955 ин ҷониб ба чунин шикаст рӯ ба рӯ нашуда буданд. Сармураббии даста  Алекс Вергюсон арз кардааст, ки дар давоми 24 соли кораш ва аз давраи дар майдон бозӣ карданаш чунин ҳисоби таҳқиромезро надидааст. «Манчестер Сити» фарқи холҳояшро бо «Манчестер Юнайтед» ба 5 адад расонида ва дар сатри аввали ҷадвали мусобиқа қарор гирифт. Дар ин давр «Арсенал» бар «Стоук Сити» бо ҳисоби  3 бар 1 ғалаба кард. «Эвертон» ва « Тотенҳем» дар меҳмонӣ « Фулҳем» ва Блекберн» -ро бо натиҷаҳои 3 бар 1 ва 2 бар 1 мағлуб намуданд.

Октябрь 24, 2011 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид