Марказҳои рушди барвақтии кӯдакон — ҳамчун моделҳои алтернативии таҳсилоти томактабӣ
Душанбе, 4 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- 6 октябри соли 2011 дар толори конфронсии Маркази тиҷоратии «Вафо»-и шаҳри Душанбе бо дастгирии барномаи «Қадам ба қадам»-и Институти «Ҷомеаи Кушода» — Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони «Марказҳои рушди барвақтии кӯдакон дар асоси ҷомеаҳо ҳамчун моделҳои алтернативии таҳсилоти томактабӣ» баргузор мегардад. Ҳадафи асосии мизи мудаввар муайян кардани фаъолияти минбаъда дар ростои рушди босуботи таҳсилоти барвақтии кӯдакон дар Тоҷикистон тавассути таъсиси моделҳои алтернативии таҳсилоти томактабӣ мебошад. Дар сӯҳбати мизи мудаввар шарикони барномаи «Қадам ба қадам» аз «Бунёди рушди кӯдак»-и ба номи Я. А. Каменский (Лаҳистон), намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои маориф ва молияи ҶТ, намояндагони ҳукуматҳои маҳаллӣ, шӯъбаву идораҳои маориф аз шаҳри Душанбе, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва директорони марказҳои озмоишии барнома иштирок мекунанд. Мавриди зикр аст, ки Лоиҳаи «Марказҳои рушди барвақтии кӯдакон дар асоси ҷомеаҳо ҳамчун моделҳои алтернативии таҳсилоти томактабӣ» соли 2010 бо ҳамкории «Бунёди рушди кӯдак»-и ба номи Я. А. Каменский, ҳукуматҳои маҳаллӣ ва Вазорати маорифи ҶТ шурӯъ шудааст. Бояд зикр кард, ки марказҳои ҷамъиятӣ муассисаҳои ҷамъиятии тарбияи томактабӣ буда, барои таъмини ҳуқуқ ба таҳсилоти сифатноки кӯдакони аз 3 то 7-сола, ки бо сабабҳои гуногун ба боғчаҳои кӯдакон фаро гирифта нашудаанд, таъсис дода мешаванд.








Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати назди Муассисаи таълимии ноҳияи Спитамен расонида шуданд
Ба тарбиятгирандагони Хонаи кӯдакон ва Мактаб-интернати шаҳри Исфара туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Дар пленуми Суди Олӣ масъалаи баланд бардоштани сифати баррасии парвандаҳо ва таҳкими қонуният баррасӣ гардид
МегаФон Тоҷикистон натиҷаҳои «техникии» соли 2025-ро ҷамъбаст намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Хуҷанд намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал баргузор шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст






