Машварати корӣ дар ҳузури Сарвари давлат
Душанбе, 17 октябр. (АМИТ «Ховар»).- Субҳи имрўз Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини Ҳукумати кишвар ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва дигар шахсони масъул машварати корӣ доир намуд.Дар машварат натиҷаҳои фаъолияти 9 — моҳаи хоҷагии халқи кишвар, ҷамъоварии ҳосилу омодагӣ ба зимистон ва иҷрои супоришҳои Сарвари давлат, ки ҳангоми сафарҳои дохилӣ дода шудаанд, баррасӣ шуд.Доир ба рафти иҷрои буҷети давлатӣ дар 9 моҳи соли равон гузориши Вазири молия Сафаралӣ Наҷмиддинов шунида шуд. Аз ҷумла зикр гардид, ки дар ин давра ба буҷети давлатӣ 6,1 миллиард сомонӣ ворид шуд ва ин баробар ба 103,1% нақшаи даромадҳо буда, 180,4 миллион сомонӣ аз нақша ва 1,8 миллиард сомонӣ аз ҳамин давраи соли 2010 зиёд мебошад. Зимни баррасии нишондодҳои соҳаи кишоварзӣ, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз иҷрои нақшаи ҷамъоварии пахта изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид дошт, ки арзи сипос ва табрикоти ў ба пахтакорони кишвар расонда шавад. Тавре зикр гардид, имсол деҳқонони кишвар бо истифода аз таҷрибаи пешқадами агротехникӣ ва тухмиҳои серҳосили дохилию хориҷӣ, дар майдони 200 ҳазор гектар пахта кишт намуданд ва баъзе хоҷагиҳои пешқадам ҳосили фаровони рекордӣ — аз 35 то 50 сентнерӣ аз ҳар гектар ҷамъоварӣ карданд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки ҳосили боқимондаи пахта, ки ҳанўз дар замин зиёд аст, пурра ва беталаф ҷамъоварӣ карда шавад. Тибқи дурнамо имсол бояд 390 ҳазор тонна пахта ҷамоварӣ карда шавад.Супоришҳои мушаххас, ҳамчунин доир ба ҷамъоварии пурраи ҳосили шолӣ, картошка, меваю сабзавот, хўроки чорво, фаровон барои зимистон захира кардани онҳо ва ҳамчунин доир ба вусъат бахшидани кишти тирамоҳӣ дода шуд.Таъкид гардид, ки рафти иҷрои супоришҳои Сарвари давлат, ки ҳангоми сафарҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар, аз ҷумла дар ноҳияҳои Кўҳистони Мастчоҳ, Айнӣ, Панҷакент, Табошар, ҳисор, Кўлоб, Муъминобод, ҷамоати Шугноби ноҳияи Ховалинг ва ғайра дода шудаанд, таҳти назорати доимӣ қарор дода шавад. Хотиррасон бояд намуд, ки тибқи супоришҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни кишвар даҳҳо иншооти дорои аҳамияти иҷтимоию иқтисодӣ, тиҷоратӣ, фарҳангӣ, муассисаҳои маорифу тандурустӣ, корхонаҳои саноатӣ ва ғайра бунёд ёфта, ҳазорҳои ҷойҳои нави корӣ муҳайё мегарданд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






