Машварати корӣ дар ҳузури Сарвари давлат

Октябрь 17, 2011 15:20

Душанбе, 17 октябр. (АМИТ «Ховар»).- Субҳи имрўз Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини Ҳукумати кишвар ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва дигар шахсони масъул машварати корӣ доир намуд.Дар машварат натиҷаҳои фаъолияти 9 — моҳаи хоҷагии халқи кишвар, ҷамъоварии ҳосилу омодагӣ ба зимистон ва иҷрои супоришҳои Сарвари давлат, ки ҳангоми сафарҳои дохилӣ дода шудаанд, баррасӣ шуд.Доир ба рафти иҷрои буҷети давлатӣ дар 9 моҳи соли равон гузориши Вазири молия Сафаралӣ Наҷмиддинов шунида шуд. Аз ҷумла зикр гардид, ки дар ин давра ба буҷети давлатӣ 6,1 миллиард сомонӣ ворид шуд ва ин баробар ба 103,1% нақшаи даромадҳо буда, 180,4 миллион сомонӣ аз нақша ва 1,8 миллиард сомонӣ аз ҳамин давраи соли 2010 зиёд мебошад. Зимни баррасии нишондодҳои соҳаи кишоварзӣ, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз иҷрои нақшаи ҷамъоварии пахта изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид дошт, ки арзи сипос ва табрикоти ў ба пахтакорони кишвар расонда шавад. Тавре зикр гардид, имсол деҳқонони кишвар бо истифода аз таҷрибаи пешқадами агротехникӣ ва тухмиҳои серҳосили дохилию хориҷӣ, дар майдони 200 ҳазор гектар пахта кишт намуданд ва баъзе хоҷагиҳои пешқадам ҳосили фаровони рекордӣ — аз 35 то 50 сентнерӣ аз ҳар гектар ҷамъоварӣ карданд.  Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки ҳосили боқимондаи пахта, ки ҳанўз дар замин зиёд аст, пурра ва беталаф ҷамъоварӣ карда шавад. Тибқи дурнамо имсол бояд 390 ҳазор тонна пахта ҷамоварӣ карда шавад.Супоришҳои мушаххас, ҳамчунин доир ба ҷамъоварии пурраи ҳосили шолӣ, картошка, меваю сабзавот, хўроки чорво, фаровон барои зимистон захира кардани онҳо ва ҳамчунин доир ба вусъат бахшидани кишти тирамоҳӣ дода шуд.Таъкид гардид, ки рафти иҷрои супоришҳои Сарвари давлат, ки  ҳангоми сафарҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар, аз ҷумла дар ноҳияҳои Кўҳистони Мастчоҳ, Айнӣ, Панҷакент, Табошар, ҳисор, Кўлоб, Муъминобод, ҷамоати Шугноби ноҳияи Ховалинг ва ғайра дода шудаанд, таҳти назорати доимӣ қарор дода шавад. Хотиррасон бояд намуд, ки тибқи супоришҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни кишвар даҳҳо иншооти дорои аҳамияти иҷтимоию иқтисодӣ, тиҷоратӣ, фарҳангӣ, муассисаҳои маорифу тандурустӣ, корхонаҳои саноатӣ ва ғайра бунёд ёфта, ҳазорҳои ҷойҳои нави корӣ муҳайё мегарданд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Октябрь 17, 2011 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад