Муқовимат бо коррупсия ва терроризм
Душанбе, 18 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 20 октябр дар қасри Таврияи Санкт-Петербурги Русия ҷаласаи Комиссияи муттаҳида оид ба ҳамоҳангсозии қонунгузорӣ дар бахши мубориза бо ифротгароӣ, ҷинояткорӣ ва тиҷорати маводи мухаддир дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад.Дар ҷаласа намояндагони Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ оид ба масъалаҳои мудофиа ва амният, аъзои Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия, олимону донишмандони донишгоҳҳои Санкт-Петербург, Академияи илмҳои Русия, намояндагони Хадамоти амнияти федеролии Русия, Вазорати корҳои дохилии Русия, намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон, Маркази илмию таҳқиқотии Хадамоти Федеролии амнияти Федератсияи Русия ва намояндагони Маркази рушди тиҷоратию иқтисодии ИДМ ширкат менамоянд.Иштирокдорони ҷаласа, лоиҳаи тавсиявӣ доир ба такмил ва ҳамоҳангсозии қонунгузории миллии давлатҳои ИДМ дар бахши таъмини амнияти иттилоотӣ, ҷараёни лоиҳаи тавсиявӣ дар мавриди танзими ҳуқуқи истифодаи шабакаҳои кушодаи телекоммуникатсионӣ ҷиҳати огоҳонидан ва истифодаи он дар мубориза бар зидди амалиётҳои террористӣ, ҷараёни корҳо дар шарҳи лоиҳаи қонунгузории моделии зиддитеррористии ИДМ –ро баррасӣ менамоянд.Интизор меравад, ки иштирокдорони ҷаласа ҳамзамон лоиҳаи қонунҳои моделӣ оид ба идораҳои марзбон, қонунгузории зиддитеррористии ИДМ, тавсияҳо доир ба такмили қонунгузории давлатҳои ИДМ дар мубориза ба зидди ифротгароӣ, одамрабоӣ ва муқовимат бо коррупсияро баррасӣ менамоянд.Дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба 20-солагии ИДМ низ матраҳ мегарданд.








Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид






