Муҳокимаи истифодаи захираҳои таҷдидшаванда дар Тоҷикистон
Душанбе, 14 октябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо муовини Мудири кулли Агентии байналмилалӣ оид ба энергияи таҷдидшаванда (IRENA) Уго Лукас вохӯрӣ доир намуд. Дар вохӯрӣ инчунин роҳбарони раёсатҳои асосии Агентӣ – Муҳаммад ал-Франаванӣ – Сардори Раёсати мақомоти роҳбарикунанда, Халифа Драммеҳ – мушовири калони Барнома оид ба Африқои Шимолӣ, Себастян Степникӣ – корманди масъули Лоиҳаи дастгирии мақомоти роҳбарикунанда иштирок доштанд. Тавре аз раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ иттилоъ доданд, дар ҷараёни сӯҳбат ҷонибҳо иқтидори бузурги истифодаи захираҳои таҷдидшаванда дар Тоҷикистон ва гузариш ба ояндаи энергетикии боз ҳам устувори кишварро бо қаноатмандӣ қайд намуданд. Иштирокчиёни мулоқот масоили ҳамкории оянда ва роҳҳои эҳтимолии барқарорсозии муносибатҳои наздик ва мутақобилан судманди миёни Тоҷикистон ва IRENA-ро низ мавриди баррасӣ қарор доданд. Қобили зикр аст, ки Агентии байналмилалӣ оид ба энергияи таҷдидшаванда (IRENA) соли 2009 таъсис гардидааст. Қароргоҳи Агентӣ дар Абу-Заббӣ воқеъ буда, бо мурури замон IRENA ба шаҳри сармоягузории Масдар Сити, ки ҳоло мавриди сохтмон қарор дорад, интиқол дода мешавад. Ҳоло 155 кишвари ҷаҳон бо Агентӣ ҳамкорӣ доранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миёни аввалинҳо ба Агентии байналмилалӣ оид ба энергияи таҷдидшаванда (IRENA) ҳамроҳ шуд.








Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид






