Мулоқоти Ҳ.Зарифӣ дар Кувайт
Душанбе, 12 октябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Вазири корҳори хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар ҷараёни иҷлосияи даҳуми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Муколамаи осиёии ҳамкорӣ дар пойтахти Давлати Кувайт шаҳри Кувайт бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Алиакбар Солеҳӣ ва муовини вазири корҳои хориҷии Шоҳигарии Таиланд Ҷюллапонг Нонсрича як қатор мулоқоти дуҷониба анҷом дод. Зимни мулоқоти Ҳамрохон Зарифӣ бо Алиакбар Солеҳӣ ҷонибҳо сатҳи имрӯзаи ҳамкории миёни ду кишвари дӯстро бо камоли қаноатмандӣ иброз доштанд.Вазирон ба масоили рушди ҳамкории дуҷониба дар бахши энергетика ва нақлиёт, ҳамчунин дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаи савдо ва иқтисодиёт бо истифода аз имконоти ҳар ду кишвар дахл намуданд.Дар Кувайт масоили муносиботи дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Таиланд низ мавриди муҳокима қарор гирифт.Роҳбари идораи сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар ҷараёни сӯҳбат зикр намуд, ки кишвараш ба соли 2012 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир намудани иҷлосияи навбатии Муколамаи осиёии ҳамкорӣ омода аст. Ӯ ҳамзамон изҳори умедворӣ намуд, ки ҷониби Таиланд ба ҳайси ҳамоҳангсози Муколамаи осиёии ҳамкорӣ дар масъалаи зикршуда ҳамкорӣ хоҳад намуд.Ҷонибҳо дар чаҳорчӯбаи ин масъалаҳои тарҳрезӣ ва дар Тоҷикистон доир намудани иҷлосияи навбатии Муколамаи осиёии ҳамкорӣ ва таҳияи Муоҳадаи муколамаи навбатиро баррасӣ намуданд.Зимни мулоқот тарафҳо ҳамчунин перомуни вазъи ҳозираи муносибатҳои мутақобилан муфиди ҳар ду кишвари дӯст ва масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар чаҳорчӯбаи созмони байналмилалӣ изҳори ақида намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд






