Мулоқоти Э.Раҳмон бо А.Лориҷонӣ
Душанбе, 21 октябр. (АМИТ «Ховар»).-Имрўз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Раиси Маҷлиси Шўрои Исломии (Парлумони) Ҷумҳурии Исломии Эрон Алӣ Лориҷониро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунпаҳлўи Тоҷикистону Эрон баррасӣ шуд.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ аз фаъол гардидани чархаи якуми нерўгоҳи Сангтўда-2, изҳори боварӣ намуд, ки ҷониби Эрон дар бунёди нерўгоҳҳои нави дигари Тоҷикистон низ иштироки фаъол хоҳад дошт.Ҳарду ҷониб аз рў ба густариши васеъ овардани робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва ҳам илмию фарҳангии ду кишвари дўст изҳори хушҳолӣ намуданд. Таъкид гардид, ки парлумонҳои ду кишвар метавонанд тавассути таъмини шароити мусоиди сиёсӣ-ҳуқуқии ташвиқи сармоягузорӣ ва танзими беҳтари муносибатҳои иқтисодӣ дар афзоиши босуръати тиҷорати дуҷониба ва ҳамкории васею густурдаи иқтисодӣ нақши намоён дошта бошанд.Гуфтугўи судманд, ҳамчунин доир ба робитаҳои парлумонии сеҷонибаи Тоҷикистону Эрону Афғонистон, муносибот дар чаҳорчўби Созмони Ҳамкории Исломӣ ва масоили дигари минтақавию байналмилалӣ сурат гирифт.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд






