Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Ишван Моквари
Душанбе, 17 октябр. (АМИТ «Ховар»).- Имрўз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Сафири фавқулодда ва мухтор ва Намояндаи тиҷоратии Ҷумҳурии Маҷористон дар Тоҷикистон Имре Ласлотский ва Ишван Моквариро ба ҳузур пазируфт.Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Маҷористон баррасӣ шуд. Таваҷҷуҳи зиёд ба иҷрои санадҳои имзошуда ва тавофуқоте, ки зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин кишвар моҳи июни соли равон ҳосил шуда буд, зоҳир гардид.Ба густариши ҳамкории мутақобилан судманд, ба хусус ҳамкории иқтисодӣ — тиҷоратӣ изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.Сафири фавқулодда ва мухтор ва Намояндаи тиҷоратии Ҷумҳурии Маҷористон изҳор доштанд, ки барои густариш додани робитаҳои судбахши дуҷониба ҷаҳду талош мекунанд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд






