Муносибатҳои кишоварзиро бо Афғонистон ба роҳ монем

Октябрь 21, 2011 11:23

Кӯлоб, 20 октябр. (АМИТ «Ховар»,   Сулаймон   Холов).- Бо мақсади беҳтар ба роҳ мондани масоили хариду фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ байни истеҳсолкунандагони тоҷику афғон ва дурнамои ин соҳа,  бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҳамадонӣ ва ташкилоти ҷамъиятии «Зан ва замин» дар ноҳияи Ҳамадонӣ мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар он роҳбарони созмонҳои байналхалқии муқими Тоҷикистон, ташкилотҳои ҷамъиятии Тоҷикистону Афғонистон, олимону мутахассисони соҳа ва роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ширкат варзиданд.  Зикр  шуд, ки ба анвои гуногуни маҳсулоти кишоварзие, ки дар ноҳияи Ҳамадонӣ ва дигар ноҳияҳои ҳамсарҳад бо Давлати Исломии Афғонистон истехсол мешаванд, дар бозорҳои Афғонистон талабот хеле зиёд аст. Инчунин таҷрибаи кишоварзони тоҷик, алалхусус тухмипарварию нихолпарварӣ метавонад дар беҳтар гардидани фаъолияти деҳқонони давлати ҳамсоя ва рӯёнидани ҳосили зиёд кӯмак расонад. Ширкатдорон барои беҳтар ба роҳ мондани муносибатҳои тиҷоратӣ  ташкили бозорҳои муштарак ва марказҳои тиҷоратиро дар шафати  бандарҳои «Шерхон» ва «Кокул»    зарур шумориданд.

Октябрь 21, 2011 11:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид