Мусодираи 20 кило маводи мухаддир аз шаҳрванди Қирғизистон

Октябрь 20, 2011 15:42

Душанбе, 20 октябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (АНМН) дар вилояти Суғд дар ноҳияи Исфара шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистонро бо миқдори зиёди маводи мухаддир боздошт намуданд.Чунон, ки аз Агентии мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, аз боздоштшуда  зиёда аз 20 кило маводи мухаддири навъи героин дарёфт ва мусодира гардид.Бино ба иттилои манбаъ, қиммати ин миқдор маводи мухаддир дар «бозори сиёҳ» 120 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.Дар зарфи 9 моҳи соли равон дар қаламрави Тоҷикистон 3 529 кило маводи мухаддир аз муомилоти ғайриқонунӣ мусодира шудааст, ки  437,5 килояшро маводи сахттаъсири героин ташкил медиҳад.

Октябрь 20, 2011 15:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид