Нақшаи даъват иҷро шуд

Октябрь 31, 2011 16:29

Хоруғ, 31 октябр. (АМИТ «Ховар»,  Л.Додо). – Ноҳияи  Ишкошим  нахустин  шуда нақшаи  даъвати   тирамоҳии  ҷавонписаронро  ба  сафи  артиши  миллӣ  иҷро   намуд.  Ба  гуфти  муовини  Комиссари  ҳарбии  вилоят полковник Беҳзод  Саидиброҳимов,  тарзи дуруст  ба  роҳ  мондани  корҳои  тарғиботиву  ташвиқотӣ,  ҳисси  баланди  меҳанпарастии ҷавонписарони ноҳияи  Ишкошим  ва  фаъолияти  пурсамари  комиссияи  даъватӣ  имкон  дод, ки  ноҳия қабл  аз  мӯҳлат  аз  ӯҳдаи  таъмини  нақша  барояд. Даъвати  ҷавонписарон ба  сафи  артиш  дар  ҳудуди  вилоят  то  имрӯз  90 дар сад  таъмин  гардидааст. Аз  маълумот  бармеояд, ки  ноҳияҳои  Шуғнон, Роштқалъа, Рӯшон,  Дарвозу  шаҳри  Хоруғ низ  рӯзҳои  наздик аз  иҷрои  нақша мужда  медиҳанд.

Октябрь 31, 2011 16:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид