Намоиши филмҳои «Дидор» дар Суғд
Душанбе, 26 октябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералии маркази вилояти Суғд аз 28 то 30 октябри соли равон кинофестивали байналмилалии «Дидор» баргузор мегардад. Беҳтарин филмҳо, ки солҳои гуногун дар ҷашнвораи синамоӣ намоиш дода шуданд, ба мардуми вилояти Суғд пешкаш мешавад. Гурӯҳи филмсозон ва ҳунарпешаҳои маъруфи синамои Тоҷикистон, аз ҷумла Шодӣ Солеҳ — Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, Муҳаммадалӣ Маҳмадов — Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, Аловуддин Абдуллоев — коргардони маъруф ва Ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷашнвора ширкат менамоянд. Қабл аз намоиши ҳар филм мунаққидони синамо бо тамошобинон сӯҳбат хоҳанд кард. Расми ифтитоҳи ҷашнвора бо филми «Қиёми рӯз» оғоз гардида, чанд филми дигари қазоқиву қирғизӣ ва гурҷӣ ба намоиш гузошта мешаванд.Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки 12 филми мухталиф тӯли се рӯз ба таври ройгон ба намоиш гузошта мешаванд, ки тамошои онҳо ройгон аст.Ёдовар мешавем, ки аз соли 2004 то инҷониб 4 давраи намоиши филмҳои ҷашнвораи байналмилалии синамо дар шаҳри Душанбе доир гаштааст.








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ






