Намоиши филмҳои «Дидор» дар Суғд

Октябрь 26, 2011 14:54

Душанбе, 26 октябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералии маркази вилояти Суғд аз 28 то 30 октябри соли равон кинофестивали байналмилалии «Дидор» баргузор мегардад. Беҳтарин филмҳо, ки солҳои гуногун дар ҷашнвораи синамоӣ намоиш дода шуданд, ба мардуми вилояти Суғд пешкаш мешавад. Гурӯҳи филмсозон ва ҳунарпешаҳои маъруфи синамои Тоҷикистон, аз ҷумла Шодӣ Солеҳ — Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, Муҳаммадалӣ Маҳмадов — Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, Аловуддин Абдуллоев — коргардони маъруф ва Ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷашнвора  ширкат менамоянд. Қабл аз намоиши ҳар филм мунаққидони синамо бо тамошобинон сӯҳбат хоҳанд кард. Расми ифтитоҳи ҷашнвора бо филми «Қиёми рӯз» оғоз гардида, чанд филми дигари қазоқиву қирғизӣ ва гурҷӣ ба намоиш гузошта мешаванд.Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки 12 филми мухталиф тӯли се рӯз ба таври ройгон ба намоиш гузошта мешаванд, ки тамошои онҳо ройгон аст.Ёдовар мешавем, ки аз соли 2004 то инҷониб 4 давраи намоиши филмҳои ҷашнвораи байналмилалии синамо дар шаҳри Душанбе доир гаштааст.

Октябрь 26, 2011 14:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад