«Насаф» ва «Арбил» дар финали ҷоми AFC.

Октябрь 19, 2011 14:48

 Душанбе, 19 октябр. (АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Дирӯз дар қитъаи Осиё вохӯриҳои нимниҳоии ҷоми конфедератсияи футболи Осиё доир шуданд. «Насаф»- и Ӯзбекистон дар вохӯрии дуввуми баргашт бо дастаи «Ал-ваҳдат» дар варзишгоҳи байналмилалии шоҳ Абдуллоҳи  кишвари Урдун вохӯрда, бозиро бо ҳисоби 1 бар 1 ба анҷом расонид ва  ба бозии ниҳоӣ роҳ ёфт.  Дар бозии ҷуфти дуввум клуби ҳарбии «Кувайт» низ вохӯриашро бо дастаи «Арбил»- Ироқ бо ҳисоби  мусовии 3 бар 3 ҷамъбаст карда, ба бозии финалӣ роҳхат гирифт. Дар шаҳри Арбил дастаи  «Кувайт» дар бозии аввал бо ҳисоби 2 бар 0 мизбононро шикаст дода буд. Дар се соли охир ин дуввумин комёбии футболбозони «Кувайт» дар мусобиқаи ҷоми AFC аст.     Шоми имрӯз  дар вохӯриҳои нимниҳоии ҷоми қаҳрамонҳои Осиё  « Ал-Садд»- и Қатар бо «Сувон Самсунг Бловинс», «Чонбук Ҳундай Моторс» бо «Ал-Иттиҳод» -и Арабистони Саудӣ ба дидори ҳам мераванд.

Октябрь 19, 2011 14:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид