О. Оқилов К. Ромодановскийро пазируфт
Душанбе, 21 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — Имрӯз мулоқоти Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов бо Роҳбари хадамоти федеролии муҳоҷирати Федератсияи Русия Константин Ромодановский, ки барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои роҳбарони хадамоти муҳоҷирати давлатҳои узви ИДМ ба Душанбе омадааст, баргузор гардид.Дар мулоқот масоили марбут ба ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар бахши муҳоҷирати шаҳрвандон ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони корӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.Оқил Оқилов таъкид кард, ки дар Тоҷикистон ба масъалаи дарёфти роҳу усулҳои наву беҳтари идоракунии раванди муҳоҷирати кории шаҳрвандон таваҷҷӯҳи зарурӣ зоҳир карда мешавад ва ба ҳамин хотир дар мамлакат сохтори алоҳида оид ба масъалаҳои муҳоҷират таъсис ёфта, «Стратегияи миллии муҳоҷирати кории шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷи кишвар барои солҳои 2011-2015» қабул гардидааст. Аз ифтитоҳи маркази ҳуҷҷатгузории муҳоҷирони корӣ дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия изҳори қаноатмандӣ карда шуда таъкид гардид, ки ифтитоҳи чунин марказҳо дар дигар шаҳрҳои Федератсияи Русия дар раванди ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирон дигаргуниҳои куллиро ба вуҷуд хоҳад овард.








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ






