Олими тоҷик – ҷоизадори мукофоти «Иттиҳоди муколама – 2011»

Октябрь 24, 2011 16:06

Душанбе, 24 октябр. (АМИТ «Ховар»,  Ҳалима  Хушқадамова). – Дар  маҷлиси  умумии  Форуми  У1 зиёиёни  эҷодкору  илмии  давлатҳо, ки  21  октябр  дар  шаҳри  Киев  баргузор  гардид, ба корманди илмии  Институти  таърих,  бостоншиносӣ  ва  этнографии  Академии илмҳои  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Бобомулло  Бобомуллоев  мукофоти  боэътибори  байналмилалии «Иттиҳоди  муколама – 2011»  дар  бахши «Таҳқиқ ва  кашфиёт»  супурда шуд. Имсол  мутахассисони  соҳаи  ҳифзу  тарғиби  мероси  моддию  ғайримоддии  фарҳангии  кишварҳои  аъзои  ИДМ   ҷоизони  ин  озмуни   байналмилалӣ   гардиданд. Форум  дар  Донишгоҳи миллии ба  номи  Тарас  Шевченко баргузор  шуд. Дар  маросими ифтитоҳи  форум  ва  чорабиниҳои  дигаре, ки  дар  доираи он  баргузор  шуданд,  ҳайати  Тоҷикистон  бо  роҳбарии  вазири  маорифи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Абдуҷаббор  Раҳмонов  иборат  аз  президенти  Академияи  илмҳои  Тоҷикистон  М.Илолов, раиси  Кумитаи  кор  бо  ҷавонон,  варзиш  ва  туризм М.Неъматов,  мушовири  калони  Президенти  Тоҷикистон М.Сайфиддинов,  муовини  вазири  фарҳанги  Тоҷикистон Ф.Азизӣ,  директори  АМИТ «Ховар» С.Шамсиддинов,  ректори  Донишгоҳи технологии Тоҷикистон  Н. Шоев, раиси  Иттифоқи  ходимони театрӣ М.Мирзоев ва  дигарон  иштирок намуданд.

Октябрь 24, 2011 16:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид