Омӯзиш барои волидони кӯдакони имконияташон маҳдуд
Душанбе, 21 октябр. (АМИТ «Ховар», Музаффар Рустамов).- Аз 18 то 25 октябри соли 2011 дар ноҳияи Варзоб бо ибтикори Институти «Ҷомеаи Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон, созмони ЮНИСЕФ ва бо мусоидати Вазорати тандурустии Тоҷикистан барои мутахассисони кор бо кӯдакони имконияташон маҳдуд омӯзиш доир гашта истодааст.
Ҳадафи омӯзиши ҳаштрӯза баланд бардоштани малака ва савияи дониши мутахассисон барои истифодаи технологияҳои нави ташхис ва ислоҳи ҳолати равониву физиологии кӯдакон ва кӯмаки равонӣ ба волидони онҳо мебошад. Дар омӯзиш 60 нафар мутахассис аз муассисаҳои тиббиву маорифи шаҳри Душанбе ва вилоятҳои ҷумҳурӣ, волидони кӯдакони имконияташон маҳдуд ширкат доранд. Ҳангоми омӯзиш мутахассисони тоҷик малакаи худро дар соҳаи равоншиносӣ, нуқсоншиносӣ ва физиотерапия афзун мекунанд. Ин имкон медиҳад, ки дар оянда ба кӯдакони имконияташон маҳдуд беҳтар хизмат расонида шавад.








Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид






