Омӯзиши самараноки оид ба фотожурналистика ва аксбардории мустанад

Октябрь 31, 2011 17:17

Душанбе, 31 октябр. (АМИТ «Ховар», Музаффар Рустамов). — Бо ибтикори Институти «Ҷомеаи Кушода»- Бунёди Мадад дар Тоҷикистон аз 1 то 4 ноябри соли равон дар шаҳри Душанбе омӯзиши самараноки фотожурналистика ва аксбардории мустанад «Simple Photography» ташкил  мешавад..Ҳадафи асосии чорабинии мазкур омӯзиш ва  ҷалби таваҷҷӯҳи рӯзноманигорону аксбардорони ҷавони умедбахш ва суратгирони ҳаваскор аст, ки мехоҳанд малакаи касбии худро сайқал диҳанд. Омӯзиши самаранок аз чанд ҷанбаи аслӣ – асосҳои аксбардории мустанад, суратгирӣ ҳамчун санъат, таърихи ташаккули аксбардории рақамӣ ва таҷҳизоти муосир ва малакаи таҳрири суратҳо иборат аст.  Ҳамчунин иштирокчиёни омӯзиш бо асосҳои пешбурди фаъолияти аксбардорӣ дар сомонаҳои касбӣ ба таври ройгон шинос  мешаванд.  Дар омӯзиш  15 нафар иштирок мекунанд, ки ба тариқи озмун аз тамоми минтақаҳои кишвар интихоб шудаанд. Ба ҳайси омӯзгори байналхалқӣ аксбардор ва наворбардори филмҳои мустанад  Рӯзбеҳ Қосимӣ даъват шудааст. Ӯро дар омӯзиш омӯзгорони маҳаллӣ Нозим Қаландаров, аксбардори медиагурӯҳи «Азия Плюс» ва Амир Исоев, мутахассиси дизайн ва аксҳои рақамӣ  ҳамроҳӣ мекунанд.

Октябрь 31, 2011 17:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад