Омодагӣ ба зимистон беҳбудӣ металабад
Хоруғ, 22 октябр. (АМИТ «Ховар», Л.Додо). – Бо иштироки раиси ВМКБ Қодири Қосим ҷаласаи навбатии назди раиси вилоят оиди омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони соли 2011 – 2012 доир гардид. Дар ҷаласа зикр шуд, ки то даҳҳаи аввали моҳи октябри соли ҷорӣ дар муассисоти соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва фарҳанг ҳамагӣ 4835 тонна ангишт, 3940,9 мураббаъ метр ҳезум захира шудаасту халос, ки ин талаботи соҳаҳоро мутаносибан фақат 53 ва 32 дар садӣ қонеъ мекунад. Техникаи муассисаи давлатии автомобилгарди вилоят ба зимистон тайёр нест. Кормандони ин муассиса, ки фасли сармо дар роҳҳо кор мекунанд, бо либоси зимистона пурра таъмин нестанд. Қисмати роҳҳои Шуғнон – Мурғоб , ба вижа ағбаи Кӯҳтезак дар ҳолати вазнин қарор дорад. Роҳҳои самти Хоруғу Манем, Хоруғу Дарморахт бадсифат таъмиру тармим шудаанд. Роҳҳои Хоруғ — Рӯшон, Ванҷ – Дарвоз дар ҳолати ногувор қарор доранд. Дар раёсати иттифоқи ҷамъиятҳои матлуботи вилоят бобати бо ангиштсангу гази моеъ пурра таъмин кардани аҳолӣ норасоиҳои зиёде мавҷуданд. То имрӯз дар 35 бунгоҳи фурӯш ҳамагӣ 300 тонна ангишт захира шудаасту халос.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад






