Оё шаҳрвандони тоҷик аз заминларза осеб диданд?

Октябрь 25, 2011 11:16

Душанбе, 25 октябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Миёни осебдидагон аз заминларза дар Туркия шаҳрвандони Тоҷикистон ҳузур надоранд.Тавре ки аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ бо истинод ба маълумоти сафорати Тоҷикистон дар Туркия ба АМИТ «Ховар»  хабар доданд, ба намояндагии дипломатии Тоҷикистон ҳеҷ маълумоте дар бораи шаҳрандони осебдидаи Тоҷикистон ворид нашудааст. Манбаъ афзуд, ки сафорати Тоҷикистон дар Туркия шабонарӯзӣ тамоми маълумоти марбут ба шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки дар Туркия қарор доранд, пайгирӣ менамояд. Дар айни замон перомуни шумори шаҳрвандони тоҷик, ки дар музофоти Вони Туркия иқомат мекунанд,  маълумоти дақиқ мавҷуд нест.

Октябрь 25, 2011 11:16

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ