Оё шаҳрвандони тоҷик аз заминларза осеб диданд?
Душанбе, 25 октябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Миёни осебдидагон аз заминларза дар Туркия шаҳрвандони Тоҷикистон ҳузур надоранд.Тавре ки аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ бо истинод ба маълумоти сафорати Тоҷикистон дар Туркия ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ба намояндагии дипломатии Тоҷикистон ҳеҷ маълумоте дар бораи шаҳрандони осебдидаи Тоҷикистон ворид нашудааст. Манбаъ афзуд, ки сафорати Тоҷикистон дар Туркия шабонарӯзӣ тамоми маълумоти марбут ба шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки дар Туркия қарор доранд, пайгирӣ менамояд. Дар айни замон перомуни шумори шаҳрвандони тоҷик, ки дар музофоти Вони Туркия иқомат мекунанд, маълумоти дақиқ мавҷуд нест.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






