Панҷумин ҷоми «Регар ТадАЗ»

Октябрь 27, 2011 11:16

Душанбе, 27 октябр. (АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев). – Дирӯз дар ҳузури беш аз 10 000 мухлис дар варзишгоҳи «Пахтакор» — и шахри Қурғонтеппа дастаи «Регар ТадАЗ» дар вохӯрии ниҳоии ҷоми ҷумҳурӣ бар чемпиони соли гузаштаи мамлакат- дастаи  «Истиқлол»-и Душанбе бо натиҷаи 1 бар 0 ғалаба карда, маротибаи панҷум соҳиби ҷоми ҷумҳурӣ гардид. Тӯби ягонаи задаи Ҷамшед Исмоилов дар дақиқаи 61 –ум тақдири бозиро ба нафъи регариҳо ҳал кард.  Ҳамин тавр, мавсими 20-умин ҷоми имсола ҳам ба анҷом расид. Ғайр аз «Регар ТадАЗ» дастаҳои “Хуҷанд”-и Хуҷанд се маротиба, “Варзоб”-и Душанбе, “Вахш”-и Қӯрғонтеппа, “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров ва “Истиқлол”-и Душанбе ду маротиба , “Помир”-и Душанбе, “Ситора”-и Душанбе, “Равшан”-и Кӯлоб ва “Пахтакор”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов ҷоми Тоҷикистонро ба даст овардаанд

Октябрь 27, 2011 11:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид