Пешгӯии ҳавошиносон
Душанбе, 31 октябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Боришот дар шакли борону барфи тар, ки аз ҳафтаи гузашта дар Тоҷикистон идома дорад, то 4 ноябр давом мекунад. Тавре сардори Маркази обу ҳавосанҷии Муассисаи давлатии ҳавошиносӣ Ҷамила Байдуллоева ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, давоми 4 — 5 рӯз дар ҷумҳурӣ борон, дар баъзе маҳалҳо борони сахт ва дар шимолу ҷануби кишвар барфи тар меборад. Ҳарорати ҳаво рӯзона 7 – 12 ва шабона 5 – 10 дараҷа гарм мешавад. Ба гуфти Ҷ. Байдуллоева, барои ин фасли сол чунин ҳарорату рутубати ҳаво дар Тоҷикистон рӯйдоди маъмулӣ шумурда мешавад. Ҳавошиносон оғози ҳавои беғубору софро дар рӯзҳои 5 – 6 ноябр пешгӯӣ мекунанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






