Рафъи омилҳои коррупсионӣ

Октябрь 27, 2011 11:17

Душанбе, 27 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи  мубориза бар зидди коррупсия» ва мутобиқ гардонидани он ба санадҳои байналмилалӣ,  василаи муҳими тақвияти фаъолияти минбаъдаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия (АНДММК) – и ҶТ хоҳад буд,- иброз дошт муовини сардори Раёсати пешгирии коррупсияи агентии мазкур Қоҳири Суҳроб дар ҷаласа дар мавзӯи  пешгирии омилҳои коррупсионӣ, ки дар Вазорати кишоварзӣ доир гардид. Дар кори ҷаласа сардорони раёсату шӯъбаҳо ва хадамоту корхонаҳои тобеи вазорат ширкат варзиданд. Дар ҷаласа вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов иброз дошт, ки барои пешгирии омилҳои коррупсионӣ дар зерсохторҳои вазорат нақшаи чорабиниҳои махсус   амалӣ мегардад. Яке аз роҳҳои асосии мубориза бар зидди коррупсия роҳ надодан ба зуҳуроти хешутаборгӣ, маҳалгароӣ ва пуштибонӣ дар фаъолияти ҳамаи роҳбарони раёсату идораҳои тобеи вазорат хоҳад буд,- афзуд вазири кишоварзӣ Қ. Қосимов.

Октябрь 27, 2011 11:17

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ