Руни ҷазо мегирад.

Октябрь 14, 2011 14:33

Душанбе, 14 октябр. (АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев) —  Комиссияи одоби Федератсияи футболи Аврупо қазияи худро нисбат ба ҳамлагари дастаи мунтахаби Англия Уэйн Руни ба тасвиб расонд. Ин бозингар дар вохӯрии охирини мунтахаби Англия бо тими мунтахаби Черногория муқобили Миодраг Ҷудович дағалона бозӣ карда, аз ҷониби довар корти сурх гирифт ва аз майдон ронда шуд. Ин корт аввалин корти сурхест, ки Руни давоми 6 сол гирифтааст. Ба ин нигоҳ накарда, комиссияи одоб Руниро аз ҳаққи иштирок  дар ҳайати дастаи мунтахаби Англия дар се бозӣ маҳрум кардааст. Акнун ин бозингари лаёқатманд дар вохӯриҳои финалии гурӯҳии ҷоми Аврупо ширкат карда наметавонад, вале Федератсияи футболи Англия давоми се рӯз имкон дорад ба ин қазия раддия фиристад.

Октябрь 14, 2011 14:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид