Сафари синамогарони тоҷик дар кишвар идома дорад

Октябрь 31, 2011 17:02

Душанбе, 31 октябр. (АМИТ «Ховар», Людмила  Дубинина). –  Аз  28  то  30  октябри соли равон сафари  синамогарони тоҷик  бо  роҳбарии  раиси Иттифоқи  синамогарони ҶТ  Сафар  Ҳақдодов  дар  шаҳри  Хуҷанди  вилояти  Суғд  идома  ёфт.Дар Маркази ҷавонон  ба  номи  Лоиқ  Шералӣ  беҳтарин  филмҳои кишварҳои мухталифи  иштироккунандаи  Кинофестивали 1У байналмилалии  «Дидор – 2010»  намоиш  дода шуданд. Аз  ҷумла, 12  филми  мустанаду  пурраметражи  синамогарони  Озарбойҷон,  Қазоқистон, Қирғизистон, Гурҷистон, Афғонистон  ва  Тоҷикистон  ба  маърази  намоиш  гузошта шуданд. Аз  ҷониби  Тоҷикистон  филми «Қиёми  рӯз»  намоиш  дода  шуд. Ин  филм  дар  кинофестивалҳои  бонуфузи  ҷаҳон  чандин  мукофот  гирифтааст. Муаллифони   филми  номбурда Муҳаммадалӣ  Муҳаммадов,  Шодӣ  Солеҳ, Аловиддин Абдуллоев ва  Бахтиёр  Қаҳҳоров  мебошанд. Тавре Сафар  Ҳақдодов  иттилоъ  дод,  сафари  синамогарон  баъди намоиши  филмҳо  дар  шаҳрҳои  Хоруғу  Хуҷанд моҳи  ноябр  дар  вилояти  Хатлон  идома  меёбад.

Октябрь 31, 2011 17:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид